ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 май дар ҳошияи ҷаласаи Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳамчунин кормандон аз корхонаҳои фаромиллӣ омӯзиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар раванди омӯзиш мутахассисон ва роҳбарон масъалаҳои корхонаҳои фаромиллӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ-стратегияи иттифоқҳои касаба оид ба ҳалли мушкилоти меҳнати арзандаро дар занҷираи таъмин ва ҳамкории наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон иштирокдорон байни ҳам табодули таҷриба намуданд.
Дар фарҷом роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Департаменти Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳадафҳои баргузории омӯзиш ва нақшаҳои минбаъда ибрози андеша намуданд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон