Пешвои миллат: «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд»

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъмини аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад», — хотирнишон намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки қурбонӣ кардан барои ҳамаи муъминон шарт ва ҳатмӣ нест ва анҷом додани ин амал ба қудрату тавоноии ҳар шахс вобаста мебошад.
Тавре Пешвои миллат дар идома таъкид намуданд, дар ояти 286-уми сураи «Бақара»-и Қуръони маҷид зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад».

«Онҳое, ки ойини қурбониро анҷом медиҳанд, бояд қурбониро, дар навбати аввал, ба хоҳару бародар ва хешовандони ниёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд», — иброз намуданд Президенти мамлакат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Leave a Comment

Your email address will not be published.