Эмомалӣ Раҳмон: «Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад»

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Тоҷикистон бо такя ба ақлу хиради азалии мардуми худ барои таъмин намудани хушбахтии шаҳрвандони мамлакат, яъне ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи ҳар як хонадони мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Ин матлабро дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо акнун давлат бунёд карда истодаем, дар зиндагиамон ҳанӯз мушкилоти зиёд дорем. Барои ҳалли онҳо кор мекунем, заҳмат мекашем, Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад. Бахусус, ҷавононамон, ки мо онҳоро захираи бузурги стратегӣ барои ояндаи давлати соҳибистиқлоламон меҳисобем, бояд хонанд, донишманд шаванд, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд».

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо солҳои ниҳоят вазнини 90-уми асри гузаштаро, ки бо дахолати қувваҳои бадхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сарамон омаданд, сипарӣ намудем, миллатамонро дигарбора соҳибӣ кардем, сарҷамъ намудем, давлатамонро аз нестӣ наҷот додем, яъне аз вазъияти бениҳоят сангин, шукр, ки баромадем.

«Аз ин рӯ, бояд чун ҳарвақта заҳмат кашем, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо, ки ба шарофати табиати биҳиштосо ва аз баракати кишоварзони бонангу номусамон муяссар гардидааст, беталаф ҷамъоварӣ намоем, кишти такрориро вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем»-чунин даъват намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Leave a Comment

Your email address will not be published.