Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Шуморо ба шарафи иди фархунда – Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод менамояд.
Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад.
Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Умуман, таи давраҳои мадид занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ бо ҳидояту пайкор тавонистанд зиндагии худу атрофиёнро мунаввар ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро побарҷо намоянд.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.
Ба занони арҷмандамон дар ин рӯзҳои фараҳафзо ривоҷу равнақ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ид муборак, занону бонувони арҷманд!