ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 150 хонандаро дар се давр ба истироҳат фаро мегирад

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт лагери истироҳатӣ барои мактаббачагон ба фаъолият оғоз намуд. Дар лагери мазкур 150 хонанда дар се давр ба истироҳат фаро гирифта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муассир андешида, ташкили лагерҳои мактаббачагон дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир таъмин, аз ҷумлаи онҳо мебошад. «Шумо дар ин ҷо таътили тобистонаро бофароғат гузаронида, бо неруи тоза ба соли нави хониш омодагӣ дида, ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар мактаб бояд бо дониши хубу аъло таҳсил намоед. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, насли наврас бояд барои аз худ намудани дониш ва касбу ҳунар аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи таҳсил истифода барад. Фардои дурахшони Тоҷикистон аз хубу аъло хондани шумо дар мактабу донишгоҳу донишкадаҳо ва дар оянда мутахассисони баландихтисос шуданатон вобастагӣ дорад»,- афзуд Зарина Идизода.

Leave a Comment

Your email address will not be published.