Хайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии вилояти Свердловск УРАЛАСБЕСТ иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус иқтидорҳои сайёҳию солимгардонии кишварро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ ба кормандони корхонаи бузурги саноатии УРАЛАСБЕСТ маводҳои тарғиботу ташвиқоти доир ба иқтидорҳои сайёҳӣ ва солимгардонии кишвари азизамон пешкаш карда шуд.