САЛОМ, ТОБИСТОН! Истироҳатгоҳи «Саодат» ба фаъолият оғоз намуд

20  июни соли равон басти аввали истироҳати наврасону кўдакон дар истироҳатгоҳи «Саодат»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ оғоз гардид.

Зимни маросими ифтитоҳи истироҳатгоҳ зикр гардид, ки ғамхориҳои имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати истироҳату фароғати кўдакон дар мавсими тобистон, баланд бардоштани, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст. Таъкид гардид, ки дар истироҳатгоҳи «Саодат» тамоми шароитҳои мусоид барои истироҳату фароғати наврасон ва кўдакон фароҳам оварда шуда баҳри босамар гузаштани истироҳати онҳо бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.