20.06.2024. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Ҳамраъйӣ” дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҳизбӣ зери унвони “ Саҳми ҲХДТ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Дар ҷамъомад аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “ Ҳамраъйӣ”, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур намояндагони кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дигар иштирокчиён баромад карда, саҳми ҲХДТ ва махсусант Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории миллӣ, калидӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамоиш масъалаи ташкилиро низ дида баромад. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб дар Федератсия интихоб гардид.