МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАМРАЙЪӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАМРАЙЪӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

20-уми июни соли ҷорӣ, бо мақсади иҷрои банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ”-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Шамсов Сайдалӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” – Неъматзода Маликшо ва аъзои ташкилот ширкат варзиданд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” – Неъматзода Маликшо бо суханони ифтитоҳии худ оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи кории маҷлис шинос намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” – Неъматзода Маликшо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда ироа гардид.

Дар қисмати музокираҳо аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Оид ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис номзадии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо барои аз нав интихоб гардидан ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” пешниҳод гардида, бо ҷонибдорӣ ва дастгирии аъзои ташкилот мавсуф ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид.

Ба ҳамин тариқ, вобаста ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис Файзизода Исмоил ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” интихоб гардид. Дар идома, ҷиҳати баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамрайъӣ” – Неъматзода Маликшо ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷом, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

– Шамсов Сайдалӣ суханронӣ намуда, сараввал аъзои ташкилотро ба муносибати “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” самимона шодбош намуд.

Дар идомаи суханронии хеш мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Шамсов Сайдалӣ доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон ибрози назар намуда, зикр намуд, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.

Дар ин радиф, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед суханронӣ намуда, оид ба амалӣ намудани нақша – чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, инчунин, бобати иҷрои босифати дастуру супоришҳои ҳизбӣ, қабули сифатаноки аъзои нав ба сафи ҲХДТ, танзими дурусти ҳаракати аъзои ҳизб, назорати пардохти саривақтии маблағи ҳаққи узвият, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.