Имрӯз дар ноҳияи Роштқалъа кушодашавии лагери Шабдез оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии лагери мазкур муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханроии худ ҳангоми гусели хонандагон ба лагери мазкур муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар рӯзҳои дар истироҳатгоҳ сипарӣ намуданро шабеҳи олами афсонавӣ, фараҳбахш, дунёи ҷаззобу рангин ва аз хотир фаромӯшнашаванда арзёбӣ намуда, афзуд умедворем, ки бо таассуроти ширину гуворо бармегардед ва ба ҳамагон сиҳатмандӣ ва истироҳати бофароғат таманно намуд. Боиси қайд аст, ки кушодашавии лагери Шабдези ноҳияи Роштқалъа дар сатҳи баланд доир гардид.