ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Иттифоқҳои касаба бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Рўзи кормандони соҳаи тиб» ва “Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ” як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Аз ҷумла 8 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бозии финалӣ барои дарёфти “Суперҷом” оид ба футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои тандурустии вилоят баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа ҷои якумро дастаи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм дастаи Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ва Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона ва ҷои сеюмро дастаи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустии вилоят ҷои якумро дастаи Тавалудхонаи вилояти, ҷои дуюм дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ва ҷои сеюмро дастаи Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи Шоҳмот байни кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят, ҷои якум насиби Тошматов Абдуҷалил Абдуҷамилович сартабиби Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд, ҷои дуюм насиби Исматов Абдураҳмон мудири амбори дорувории Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва ҷои сеюм насиби Мирзоқулов Сўҳроб Маҳмудҷонович табиби шўъбаи аксбардории рентгении Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ишғол намуданд. Дар ҷамбасти чорабиниҳо ғолибон бо Ҷом, Медал, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.