ТАШРИФИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСК БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Шўрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ки моҳи феврали соли 2024 ба имзо расонида шудааст, санаи 20 августи соли ҷорӣ раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Ветлужских Андрей Владимирович ба вилояти Суғд ташриф овард.

Субҳи имрӯз раиси Федератсия Ветлужских Андрей Владимирович бо фаъолияти Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, синфхонаҳои таълимӣ ва Маркази забономӯзӣ дидан ба амал овард.

Ҳамзамон, дар машғулияти навбатӣ иштирок намуда, бо шунавандагон ва омӯзгорони марказ суҳбати озод намуд. Сипас, вохӯрӣ ва шиносоӣ бо Раисони кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули дастгоҳи Шўрои Иттифоқҳои касабаи вилоят доир гардид.

Дар мулоқот, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят -Шарифулло Абдуллозода меҳмонро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва минтақаҳои он сол то сол инкишоф ва таҳким ёфта, дар бисёр самтҳои фаъолият ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин, оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба маълумот пешниҳод намуд.

Дар робита, ба ин раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск дар баромади худ бобати ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, нақшаҳои минбаъда ва ба иҷро расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ибрози назар кард. Дар фарҷом, байни иштирокдорон табодули таҷриба ба миён омада, аз ҷониби роҳбарияти Шӯро ба Андрей Ветлужских туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.