ИНРО БОЯД ДОНИСТ

Киҳо ҳуқуки гирифтани кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатиро доранд?

Асоси ҳуқуқии пардохти  кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ дар моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сууртаи давлатии иҷтимоӣ» ба таври зайл  оварда шудааст: «Тартиб ва шартҳои пардохти  қўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (қҷт.аз  28.12.13,№1059)»

 «8. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандон дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
– дар давраи беморие (ё осеб бардоштан), ки боиси гум кардани қобилияти корӣ мегардад;
– дар давраи бемории аъзои оила, дар сурати зарурати нигоҳубини ў;
–  дар давраи карантин;
– дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо сабаби  бемории сил ва ё бемории касбӣ;
– ҳангоми протезкунонӣ бо ҷойгир намудан дар  статсионари муассисаи протезкунонию ортопедӣ.»

Leave a Comment

Your email address will not be published.