Табрикоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Табрикоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Санаи 1-уми сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил   ботантана таҷлил карда мешавад.

Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро, дар ин рӯзҳои нек, ки мардуми кишварамон ҷашни бузурги 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд, кулли омӯзгорон ва хонандагони кишварро табрику таҳният менамоям.

Пешвои муаззами миллат дар баргузории Рӯзи дониш нақши муассир гузошта, 1-уми сентябрро яке аз санаҳои муҳими таърихӣ эълон намуданд, ки бо Дарси сулҳ шурӯъ мешавад. Зеро дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон мафҳумҳои Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдат чун муқаддасоти миллӣ сабт гардидаанд.

Даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тозаро дар таърихи муассисаҳои илмиву таълимии кишвар боз намуд.

Таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи илму маориф ва  мақоми зиёиён дар ҷомеа ба фаъолияти пурсамари ин боргоҳи маърифат нақши амиқ ва файзбахш гузоштааст. 

Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи  роҳбарияти давлату Ҳукумат пешбурди кулли соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мавқеи шоиста дорад. Бахусус, таъсису тавсеаи фаъолияти муассисаҳои нави миёнаву олии таълимӣ, ба вуҷуд овардани низоми чандзинагии таълиму омӯзиш аз иқдомҳои наҷибест, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд. 

Итминони комил дорам, ки кору пайкор ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар соли нави таҳсил низ барои ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса барнома ва қутбнамои фаъолият баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, тарбия ва ба ин васила, саҳм гузоштан барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Бо эҳтиром,

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон                                             Неъматзода М. 

Leave a Comment

Your email address will not be published.