ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” оғоз бахшида, аз шароити кор ва имкониятҳои коргоҳ диданд карданд.
Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбари ширкати “Сайҳун”, соҳибкори ватандӯст Исмоилов Нозимҷон ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз 1 августи соли 2023 оғоз гардида, ба ҷалби зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ва бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар масоҳати умумии 1 га замин бо сифати баланд ба итмом расиданд.
Ширкати “Сайҳун” дорои фермаи парандаправарӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар он 5 сех, ки ҳар кадом барои нигоҳубини 15 ҳазор сар чӯҷа пешбинӣ шудааст, фаъолият мекунад.
Зимни муаррифии имкониятҳои коргоҳи мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳ дар як сол имкон дорад то 420 тона гӯшти мурғро коркард намояд. Барои пешбурди кори босифат дар коргоҳ аз рӯйи лоиҳа 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки музди маоши моҳона барои як нафар 1800 сомонӣ муайян гардидааст.
Дар корхона барои парвариш ва нигоҳубини чӯҷаҳо дар сехҳо таҷҳизоти муосири соҳавӣ насб шудааст.
Тибқи маълумот, барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд 1,5 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизот аз кишварҳои пешрафтаи дунё 286 ҳазору 259 сомонӣ сарф шудааст.
Дар саҳни коргоҳи навбунёд навъҳои маҳсулоти истеҳсоли ширкати “Сайҳун” ва коргоҳҳои дигари вилоят, аз ҷумла “Мурғи аълосифат”-и шаҳри Гулистон, “Чӯҷаи Байзо”, “Амина К”, фабрикаи парандапарварии “Назар Н”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Зарнисор Н”-и ноҳияи Зафаробод намоиш дода шуда, маҳсулоти бастубандшудаи коргоҳҳо муаррифӣ карда шуд.
Тибқи маълумот дар вилояти Суғд зиёда аз 60 фабрикаи парвариши парандаи гӯштӣ фаъолият мекунад. Омор нишон медиҳад, ки дар 8 моҳи сипаригардида аз тарафи ин ширкатҳо 4020 тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.
Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар вилоят 145 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбати соли гузашта 15 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 98 адад корхона ба истеҳсоли тухм, 47 адад корхона ба истеҳсоли гушти паранда, 5 корхона ба истеҳсоли тухму гушти паранда ва 2 адад корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд. Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ватанӣ аз дастгириву имкониятҳои фароҳамовардаи давлат барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар ҳавасманд гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун дар ободиву пешрафти Ватани азиз — Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд мегузоранд.