Санаи 15 июни соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон мебошад ва инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси супориши Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Лучоб аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба дарахтон об диҳед” баргузор гардид. Дар ин чорабини фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок намуданд.

