Чорабиниҳо бахшида ба 1 сентябр — Рузи амалиёти иттифокхои касаба

       Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи  кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон  чун анъана бахшида  ба  “Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ —  1 сентябр дар якҷоягӣ бо раисони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони  донишгоҳҳо ва колеҷҳои соҳа дар мавзӯи: “Сиёсати сулҳпарваронаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” дарсҳои сулҳ   баргузор намуданд.

      1  сентябр  пас аз тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш  ва Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯён, дар маҷмуъ, беш аз 1600 нафар чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, оид ба моҳияти таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, вобаста ба аҳамияти сулҳу ваҳдат, ҳаёти осоишта, ки барои фаъолияти мунтазами муассисаҳои таҳсилотӣ шароитҳои лозима фароҳам овардааст, рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ ва донишомўзӣ баромад намуданд.

        Аз ҷумла, чунин иброз  гардид: «Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

     Бояд гуфт, ки таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому мартабаи баланди илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат  маҳсуб мебошад.           Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида “Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ  ва Рӯзи дониш  бо иштироки роҳбарони  муассисаҳои таҳсилотӣ ва раисони Кумитаҳои иттифоқи касаба  дар ДДТ  вилояти Хатлон, Донишкадаи тибби ичтимоӣ ва зиёда аз 30 коллеҷҳои тиббие, ки дар шаҳри Душанбе, Вилоятҳои Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  Суғду, Хатлон  ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур гузаронида шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.