Кормандони Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва раисони кумитаҳои соҳавии вилоят бахшида ба таҷлили “Рўзи дониш” ва «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» дар муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуданд.
Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба “Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» бо иштироки кормандони муассисаҳи тандурустии вилоят чорабинӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ фаъолони иттифоқи касаба бо ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Нишони сарисинагии «Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нишони сарисинагии «90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии вилоят вохўрӣ баргузор гардид.
Дар анҷоми вохўрӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба 103 нафар фарзандони омўзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 30900 сомонӣ сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд ва ба Мактаби интернати давлатии барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд ба номи Сироҷиддин Ҳоҷибоев китоби бадеии “Ҳазору як шаб” ва лавозимотҳои хониш ба маблағи 4000 (чор ҳазор) сомонӣ тақдим гардид.
Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят ба тарбиятгирандагони Хонаи бачагонаи №1-и ҷамоати Шўроби шаҳри Исфара амвои хўрока ва сару либоси мактабӣ ва ба 12 нафар кўдакону наврасони иттифоқи касабаи соҳавии ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич маводҳои хониш тақдим карда шуд.
Ҳамчунин аз тарафи ҶДММ “Ҷавонӣ” ва ҶДММ “САТН” ба фарзандони кормандон лавозимоти хониш тақдим карда шуд. Чунин вохўрию чорабинӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд.