ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА ИДИ ОМӮЗГОРОН ВА ТАҶЛИЛИ 24-ОКТЯБР, РӮЗИ ИТТИФОҚОИ КАСАБА

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА ИДИ ОМӮЗГОРОН ВА ТАҶЛИЛИ 24-ОКТЯБР, РӮЗИ ИТТИФОҚОИ КАСАБА

11 сентябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи хурди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, таҳти раёсати Самизода Мӯсобек Самӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид. Тибқи дастури Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва 24-октябр, Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тибқи тартиботи мукофотонидани азоёни иттифоқи касаба ва корфармоён бо мукофотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2024, № 1/5 тасдиқ гардидааст баргузор гардид.

Самизода Мӯсобек Самӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд зикр дошт, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи омӯзгорон ва 24-октябр, Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шаванд.

Барои баргузории ин чорабиниҳо фаъолияти раисони Иттифоқи касаба дар сатҳи олӣ бошанд. Гуфта шуд, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва 24-октябр, Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон спартакиадаи варзишӣ байни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯйи намудҳои футбол, валебол, баскетбол, шашка, шоҳмот ва тениси рӯйимизӣ бавргузор карда шаванд.

Роҳбарияти Иттифоқи касаба зикр дошт, ки мақсаду мароми иттифоқи касаба ин пеш аз ҳама ҳифз намудани манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аъзоён аст. Аз ин лиҳоз, бояд раисони Иттифоқи касаба бо роҳбарони муассисаҳои тълимӣ ва корфармоён ҳамкории хуб ба роҳ монанда ҷашнҳои дар пешиистодаро дар сатҳи олӣ баргузор намоянд. Дар ҷаласа инчунин дигар мсъалаҳои вобаста ба фаъолияти Иттифоқи касаба баррасӣ карда шуданд

Leave a Comment

Your email address will not be published.