КОНФЕРЕНСИЯИ XXXV ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

КОНФЕРЕНСИЯИ XXXV ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

23 сентябри соли 2024 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ки дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 5-уми июни соли 2024 даъват гардида буд, баргузор гардид.

Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ – Латифзода Асорор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сатториён Матлубахон ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур – Зуҳурзода Зарина ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар Конференсияи мазкур вакилон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ки тибқи меъёри муқарраргардида, аз 61 нафар аъзои ҳизб 1 нафар вакил интихоб гардида буд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳансур ва намояндагони Васоити ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок доштанд.

Кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ кушода эълон намуда, сипас ҳайати кории раёсати Конференсияро муаррифӣ намуд.

Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд.

1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”;

2. Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар давраи ҳисоботӣ;

3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур;

4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур;

5. Интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур;

6. Интихоби вакилон ба конференсияи 21-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе;

7. Масъалаҳои ҷорӣ;

Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда” шунида шуд.

Тавре ки аз ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ маълум гардид, тибқи нишондодҳои оморӣ, сафи аъзои ҳизб дар ноҳия, ба ҳолати имрӯза 21 559 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин радиф, айни ҳол дар ноҳияи Шоҳмансур 10 Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 250 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии пойтахт, аз ҷониби ҳизбиёни ноҳия 13 956 шанбегиву ҳашар ташкил гардид, ки дар рафти онҳо беш аз 24 996 ниҳоли ороишиву сояафкан ва 105 366 гули мавсимӣ шинонида шуд. Ҳамзамон, тавре ки маълум гардид, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо вакилон, шахсони эҳсонкору хайрхоҳ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ

ба 3 275 оилаи камбизоату ниёзманд кумакҳои моддиву молиявӣ расонид, ки маблағи умумии он 1 637 500 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур давоми 2 соли охир сарпарастии 15 нафар маъюбону оилаҳои ниёзманди ноҳияро ба зимма гирифта, ба онҳо ҳар моҳ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ пардохт намуда истодааст.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободкорӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуданд, ки дар ин замина миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур 850 мулоқоту вохӯрӣ, 6083 соати сиёсӣ ва 380 мизи мудаввар бо фарогири 25 449 нафар доир карда шуд.

Дар идома, ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ахбороти раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Холматиён Рустам оид ба фаъолияти молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар давраи ҳисоботӣ, шунида шуд.

Ҷиҳати баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иборат аз 47 нафар, бо пешниҳод ва ҷонибдории якҷояи вакилони Конференсия интихоб гардид.

Ҳамзамон, дар асоси талаботи банди 4.11 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 4 рӯзномаи Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур масъалаи аз нав интихоб намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар робита ин, номзадии Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ ҷиҳати аз нав интихоб гардидан ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардида, бо ҷонибдории якдилонаи вакилони Конференсия ва ҳайати навинтихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд. Оид ба баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи Конференсия ҳайати нави Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иборат аз 9 нафар интихоб гардид.

Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи шашуми рӯзномаи Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба интихоби вакилон ба Конференсияи 21-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе номзадии 81 нафар вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардида, доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар идома, пас аз баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рӯзномаи Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кори Конференсия пӯшида эълон гардида, дар ин радиф, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, даъвати 1-ум баргузор гардид.

Кори маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ идома дода, рӯзномаи онро ба ҳозирин ироа намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуд.

1. Интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур;

2. Масъалаҳои ташкилӣ;

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳайати нави аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, иборат аз 15 нафар пешбарӣ гардида, бо ҷонибдории аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷом, як қатор фаъолони ҳизбӣ аз кумитаву ташкилтҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ба роҳ монадани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.

Дар кори конфронси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.