Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии футбол

Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии футбол

Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими кушодашавии мусобиқаи минатақавӣ оид ба. футзал барои дарёфти “Ҷоми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ” бо иштироки дастаҳои футзали иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар оғози мусобиқа роҳбарони Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ карда, ҳадафи баргузории мусобиқаро дар боз ҳам тақвият бахшидани дӯстии байни мардумони кишварҳои бародар арзёбӣ намуданд. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон давоми се рӯз дар қасри варзишии “ Шоҳин” доир мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.