Дирӯз мулоқоти кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Котиби генералии иттифоқҳои касабаи Аврупо – интернасионали хизмати ҷамъиятӣ Ян Виллиам баргузор гардид. Ба ин Ташкилот зиёда аз 30 миллион кормандони бахши хизмати ҷамъиятии 150 кишвар шомил мебошанд. Дар рафти мулоқот таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.