Санаи 18 октябри соли равон бахшида ба «Рўзи иттифоқи касаба-24 октябр» аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилояти Суғд дар ҶДММ «Раҳимов А.А.» чорабинии тантанавӣ бо иштироки кормандони коргоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилояти Суғд – Темурова Турсуной Насимовна, мудири Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Маҷидзода Муҳаббат, собиқадори меҳнат, Раиси иттифоқи касабаи ҶДММ «ВТ Силк» – Файзуллоева Гавҳар иштирок ва баромад намуда, доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифзи меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қоидаҳои одобу рафтор суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба собиқадорон ва фаъолони коргоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.