ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шудаанд.
«Тавре маълум аст, корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад. Яъне қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва намояндаи фармоишгар – Ширкати «Трактебел» ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг созанд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат хотирнишон сохтанд, ки «бунёди сарбанд, ки аз иншооти муҳимми неругоҳ ба ҳисоб меравад, ба зиммаи ширкати «Вибилд»-и Итолиё вогузор шудааст. Мо имрӯз шоҳиди он гардидем, ки корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанд ва галереяҳои он тибқи лоиҳа ба анҷом расида, дар маҷмуъ, 300 ҳазор метри мукаабро ташкил додаанд. Таъкид менамоям, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, Ширкати «Вибилд»-ро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид тамоми тадбирҳои амалиро андешида, дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намояд». Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин самт ширкатро зарур аст, ки корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ ва шумораи мошину механизмҳоро бамаротиб зиёд карда, бо истифодаи самараноки хатти конвейерӣ ва дигар роҳҳои ҳамлу нақл захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин созад.