ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст. Дирӯз, ҳамчунин, хатти интиқоли барқи 220-киловолта аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун»» то зеристгоҳи «Роғун» ба истифода дода шуд. Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Чунин иброз доштанд имрӯз зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҷараёни корҳои сохтмон бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ, инчунин, бо риояи стандартҳои байналмилалӣ бояд тезонида шуда, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.
«Дар соли 2023 барои идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо мақсади боз ҳам тезонидани раванди корҳо Ҳукумати мамлакат иловатан 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо намуд. Яъне соли гузашта барои бунёди иншооти мазкур 5,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ҳамчунин, дар соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Аммо бо мақсади ҳарчи бештар вусъат додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот то ба имрӯз, яъне дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст»,-иброз доштанд Президенти мамлакат.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008 – 2024-ум Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон