Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи шӯрои асамблеяи байнипарлумонии ИДМ форуми байналмилалии сайёҳии travel hub “иттиҳод – 2024” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории форум муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва дастгирии ин соҳаи афзалиятнок дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, пешниҳоди ташаббусҳои нави қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷриба ва маълумот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатии аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, парламент, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коршиносон ва соҳибкорон иштирок намуданд.
Инчунин дар форуми мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода, Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – Дмитрий Кобитский, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи қонунгузории палатаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш, раиси комиссияи доимии Ансамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои фарҳанг, ахборот, сайёҳӣ ва варзиш – Эркин Захидов, ноиби президенти Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Россия, ноиби Иттиҳодияи саноати сайёҳии Россия – Алексей Мусакин, муовини директори генерали оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва сайёҳии осоишгоҳи куҳии “Роза Хутор” – Сергей Хворостяный, президенти ширкати ҳавопаймоии “UTair” – Олег Семенов ва дигарон иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузор намудани форуми мазкур афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, инчунин баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои мутақобила ва табодули таҷриба байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.
Дар қисмати дуюми кори форум мастер – классҳо барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, “G2G” вохӯриҳо ва вохӯриҳои рӯ ба рӯ “B2B” байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор карда шуд.
Дар кори форум Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва баромад кард.