Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба дар Душанбе ҷаласаи тантанавӣ доир шуд

Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба дар Душанбе ҷаласаи тантанавӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар шудааст. Бахшида ба ин сана имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорон ва кормандони соҳа ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш аз паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки 24 октябри соли 2019 пешниҳод гардида буд, чунин иқтибос оварда шуд: «Дар замони Истиқлоли давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро ба беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст».

Иброз гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ қабули созишномаҳои генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави кор, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ пайваста дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Дар айни замон ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарогири 3 шурои вилоятӣ,  17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, беш аз 900 ҳазор аъзоро муттаҳид менамояд.

Дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон чунин дарҷ гардидааст: «Иттифоқҳои касаба кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрванд, бе мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гирад». Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра собиқадорон ва кормандони иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ифтихорнома супорида шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.