Интихобот ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд.
Иштироки фаъолона дар интихобот нишон медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳадафҳо ва сиёсати кишвар огоҳ буда, барои рушди устувор масъулиятшинос ҳастанд.
Субҳи имрўз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба интихоботи вакилони халқ, дар ҳудуди шаҳр аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ!” баргузор намуд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ кормандони Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, ба сокинони шаҳри Хуҷанд аҳамияти иштироки фаъолона дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро шарҳ дода, шаҳрвандонро барои иҷрои масъулияти шаҳрвандии худ истиқрори ояндаи давлат тавассути овоздиҳӣ даъват намуданд.
Ҳамчунин, дар суҳбат бо сокинон зарурати иштироки васеъ дар раванди сиёсӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими устувории ҷомеа зикр карда шуд.
Бо шиори “ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ!” даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як шаҳрванд барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳм гузорад. Ҳадаф аз баргузории чунин аксия ин даъвати сокинон ба интихоботи дар пешистода мебошад.