Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия-шоҳсутуни низоми давлатдорӣ» баргузор намуд. Дар кори конференсия Ашурзода Гулбаҳор-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳимзода Дилором Рустам-судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо-Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Маҳмудов Давлатшоҳ-омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва баромад намуда, доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ баёни андеша намуданд.
Дар конференсия як зумра бонувони фаъоли сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо нишони фаъоли иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, барномаи рангини аҳли фарҳанги кишвар анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.