Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон

Рӯзи 14 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба муносибати 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши идона кормандони Сафорат, аъзоёни фаъоли ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Узбекистон, олимон, журналистон ва аҳли фарҳанг, инчунин ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки бо сафари кори дар шаҳри Тошкент қарор доранд, иштирок доштанд.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва дигар иштирокчиён оид ба муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатдорӣ ва давлатсозии миллии тоҷикон суханронии пурмуҳтаво намуданд. Дар охири ҳамоиш фаъолони ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Убекистон бо нишонҳои фахрии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.