6 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофу демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст, оғоз намуданд.
Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот дар давлатамон ба инобат гирифта, 16 – уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солгарди рӯзи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мамлакат ҳамасола мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи рӯзҳои ид” ҷашн гирифта мешавад.
Дар асоси моддаи 64 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории бардавоми давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ баъди интихоб гардиданашон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди савгандёдкунӣ тазаккур доданд, ки “Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент Шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард”.
Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда , барои халқи тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созанд.
Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар кишвар поянда бошад.
Мардуми кишвар заҳматҳои кашидаи Президенти мамлакатро, ки бо дурандешию олиҳимматӣ, қаҳрамонию шуҷоатмандӣ ва хирадмандию суботкорӣ барояшон зиндагии осоиштаро фароҳам сохтаанд, қадр намуда, аз ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ҳаматарафа пуштибонӣ менамоянд.
Имрӯзҳо тамоми сокинони мамлакат зери парчами давлатӣ, истиқлолият ва сулҳу суботи комил дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар, ки натиҷаи рушду инкишофи кишвари мо маҳсуб меёбанд, сарбаландона қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Хизматҳои бузургу пурарзиши Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадр карда шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот дар кишварамон мебошанд.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон мо имрӯз ба як ҳаёти осоишта ва зиндагии серу пур расидем. Бинобар ин моро мебояд, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар бирасем, сиёсати созанда ва бунёдкоронаашонро аз дилу ҷон дастгирӣ намоем ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.