27.11.2024. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Маликшо Неъматзода ҷаласаи шашуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва ҳайати Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа асосан масъалаҳои мусоидат ба рушди муҳоҷирати наздисарҳадӣ, ҳамчун воситаи амалӣ намудани муҳоҷирати шукуфои байнидавлатии кишварҳои Осиеи Марказӣ, вазъи экология ва таъсири он ба равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақа баррасӣ шуданд.
Чуноне Маликшо Нематзода иброз дошт, муҳоҷирати меҳнатӣ қазияи иҷтимоист, ки бо сиёсати ҷаҳонишавии ҷаҳонӣ алоқаманд аст. Сиёсати ҷаҳонишавӣ барои рушди бемайлони ҷомеаи муосир шароити зарурӣ фароҳам меорад, аммо дар баробари пешрафт, он барои инсоният оқибатҳои таназзулӣ, аз қабили бекорӣ, роботикунонии истеҳсолот ва оқибатҳои он, яъне коҳиши ҷойҳои корӣ, коҳиши сатҳи даромад, коҳиши кӯмаки иҷтимоӣ ва ғайра дорад. Ҳалли ин масъала дар як ҷомеаи алоҳида ғайриимкон аст, барои пешрафт дар ин масъала амали дастҷамъона зарур аст. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуда, баъдан ҷониби Қирғизистон ва Муғулистон ба ҳайати Шӯро ворид шуданд.
