13.06.2024. Дирӯз дар назди бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аҳли ҳозиринро шодбошӣ намуда, ба онҳо истироҳати бофароғат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ орзу намуд. Зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбати қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалањои асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мањсуб меёбад.
Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, беҳсозии солимии ҷомеа ба роњбарї гирифта, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» аз 27 феврали соли 2024 барои истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон корҳои муайянро амалӣ менамояд.
Дар маъракаи дирӯза кӯдакону наврасон аз вилояти Хатлон, фарзандони кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва нақдиёт, оилаҳои камбизоат аз корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ҷамъ 250 нафар ба лагери истироҳатии “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода фиристода мешаванд. Дар истироҳатгоҳи мазкур барои қабули онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё шудаанд. Бояд зикр намуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фарогирии кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба истироҳатгоҳ диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати истироҳати бофароғати онҳо дар тобистони соли 2024 тадбирҳои зарурӣ меандешад.