28.12.2024. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи кишвар бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва кумитаҳои соҳавиии ҷумҳуриявии иттфоқҳои касаба тамошои сарҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи оинаи нилгун доир карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои давраҳои оянда вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзӣ тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.
Дар ин маврид кормандони ташкилоти иттифоқи касаба ҳар як нуктаи дахлдори ин ҳуҷҷати муҳимро ба хуби дарк намуда, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ гаштани он саъю талош ва ҷиҳати ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва ҳамчунин бемайлон вусъат додаани ҳаракати иттифоқҳои касаба ҷаҳду талош менамоянд
Бахтиёр Назурдинов ,
Маркази матбуоти Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон
Тел: 006111557