13 ноябр дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бинобар ба нафақа баромадани ду нафар собиқадори соҳаи иттифоқҳои касаба – Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон Миралӣ Сафаров ва Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Исмоил маросими тантанавии гусел баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, аъзои пленуми кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд. Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати чандинсолаи собиқадорони меҳнат ва қадршиносии хизматҳои онҳо дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба ва таҳкими анъанаи эҳтиром ба кормандони дорои таҷрибаи ғании касбӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ба фаъолияти бисёрсолаи Миралӣ Сафаров ва Шарифзода Исмоил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, саҳми арзандаи онҳоро дар пешбурди фаъолияти иттифоқҳои касаба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии кормандон ва таҳкими мавқеи ташкилотҳои соҳавӣ таъкид намуд.
Қайд гардид, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба аз масъулияти баланд, дониши касбӣ, таҷрибаи ташкилотчигӣ ва муносибати ғамхорона ба кормандон вобастагии мустақим дорад. Дар ин раванд шахсоне, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, барои ҳалли масъалаҳои меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии кормандон ва рушди сохторҳои иттифоқҳои касаба саҳм мегузоранд, сазовори эҳтирому қадршиносии махсус мебошанд.
Раиси Федератсия таъкид намуд, ки Миралӣ Сафаров ва Шарифзода Исмоил дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ бо масъулиятшиносӣ, таҷрибаи андӯхта ва муносибати содиқона ба вазифаҳои хизматӣ дар пешрафти соҳа саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти онҳо дар самти муттаҳид намудани кормандон, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, баррасии масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аъзои иттифоқҳои касаба арзишманд мебошад.
Қарахон Чиллазода ба масъалаи идомаи анъанаҳои неки меҳнатӣ ва истифодаи таҷрибаи собиқадорон дар тарбияи кадрҳои ҷавон ишора карда, иброз дошт, ки насли нави кормандони иттифоқҳои касаба бояд аз дониш, малака ва таҷрибаи роҳбарони собиқадор баҳра гирифта, дар фаъолияти минбаъдаи худ масъулиятшиносӣ, адолат, ташаббускорӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои кормандонро роҳнамои фаъолияти хеш қарор диҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамкорон аз хизматҳои Миралӣ Сафаров ва Шарифзода Исмоил ёдовар шуда, нақши онҳоро дар пешбурди фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ ва таҳкими ҳамкории байни сохторҳои иттифоқҳои касабаро арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки қадршиносии собиқадорони меҳнат яке аз анъанаҳои неки ҳаракати иттифоқҳои касаба буда, барои нигоҳ доштани пайванди наслҳо, таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти кормандон аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фароварди маҷлисҳо дар фазои тантанавӣ ба Миралӣ Сафаров ва Шарифзода Исмоил туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо барои фаъолияти бисёрсола ва саҳми арзандаашон дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба изҳори сипос карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи КВД «Бозори деҳқон» Ҳақназарова Муҳаббат ба собиқадори меҳнат Шарифзода Исмоил Сипоснома супорида шуд.
Дар навбати худ, Миралӣ Сафаров ва Шарифзода Исмоил барои ташкил ва баргузор намудани чунин чорабинии самимӣ, қадршиносии фаъолияти чандинсолаи онҳо, эҳтирому таваҷҷуҳи роҳбарият ва коллективи Федератсия изҳори миннатдорӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, то дар иҷрои вазифаҳои ба зимма дошта масъулиятшинос бошанд, манфиатҳои кормандонро ҳимоя намоянд ва барои пешрафти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба саҳми худро гузоранд.




