04.01.2025. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тољикистон вохӯрӣ бо аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода ифтитоҳ ва ҳадафу матлаби онро тавзеҳ дод.
Сипас дар назди ҳозирин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ оид ба тартиб ва қоидаҳои интихобот, коршиносон Муҳаммадҷон Соҳибзода ва Далер Раҳмон баромад намуданд.