ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯ

13.03.2025. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсия таҳти раёсати раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ҷаласаҳои Кумитаи иҷроияи Шўрои генералӣ ва Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласаҳо аъзои Кумитаи иҷроия,  Шӯрои генералӣ ва ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералӣ масъалаҳои тағйирот ба Низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ  оид ба танзими ҷашну маросим дар Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон ва тағйироти кадрӣ дар ҳайати комиссияи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи Шўрои генералии Федератсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. Дар бораи буҷети Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон барои соли 2025;
  2. Дар бораи Низомномаи Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсия;
  3. Оид ба Низомнома дар бораи пардохти музди меҳнат, иловапулиҳо рухсатиҳо, ҳавасмандгардонӣ, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва сафарҳои хизматӣ барои кормандони иттифоқҳои касаба;
  4. Дар бораи танзими сафарҳои хизматии кормандонии иттифоқҳои касаба ба давлатҳои хориҷӣ;
  5. Оид ба Низомнома “Дар бораи тартиби идоракунӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории моликияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон”;
  6. Дар бораи низоми фаъолияти молиявӣ;
  7. Дар бораи бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи ВМКБ;
  8. Дар бораи бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд;
  9. Дар бораи ба аъзогии Федератсия қабул намудани Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноати Тоҷикистон – “Тоҷиксаноат”
  10.  Масъалаҳои ҷорӣ.

        Дар фарҷоми ҷаласа раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода атрофи масъалаҳои дахлдори фаъолияти Федератсия сухан ронда, ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода ҷойдошта андешаҳои судманд дод.

       Ҷаласа пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома  қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.