ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардид.
Роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаоъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.
Баъди ҳисоботи шахсони масъул Сарвазири мамлакат дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ҳисоботи раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода шунида шуд. Сипас, лоиҳаҳои як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”, “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.