Ҷаласаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ

Ҷаласаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ

Санаи 18 апрели соли  ҷорӣ ҷаласаи навбатии раёсати васеи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он аъзои раёсат, кормандони масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва фаъолони иттифоқи  касабаи соҳа иштирок намуданд.  Дар ҷаласа  масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор дода шуданд:

1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  семоҳаи якуми соли 2025.

2. Тасдиқи қарорҳои раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки дар  семоҳаи якуми соли 2025 бо тариқи пурсиш қабул  карда  шудаанд.

3. Масъалаҳои ҷорӣ:

– оид ба баррасии қарорҳои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон .

– оид ба қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026.

– оид ба 28  апрел – Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Умедҷон оид ба фаъолияти кумита дар семоҳаи  якуми соли 2025  маърўза намуд. Дар маърўза, аз ҷумла фаъолияти  шарики иҷтимоӣ, қарздорӣ аз музди меҳнат, бозори меҳнат, ҳифзи меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони соҳа, сиёсати иҷтимоӣ – иқтисодӣ, коргузорӣ ва муроҷиати шаҳрвандон инъикос гардиданд.

Оид ба 28  апрел – Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат Қурбонов А. А. –  сарнозири ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидзода А.И. – мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баромад намуданд. Дар ҷаласа ҳамаи масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.