Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 0,30 га бунёд ёфта, аз маркази дуошёнаи фуруши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат аст.

Баъди мавриди истифода қарор додани корхона 60 нафар сокини пойтахт бо кори доимӣ ва маоши аз 3000 сомонӣ боло таъмин шудаанд.

Ба корҳои сохтмони корхона соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда буд.

Дар маркази фуруши корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти он шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Кор дар сехҳо тавассути технологияи муосири чинӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори коркарди тилло дар як сол 1 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин коргарон маҳсулоти нуқрагӣ, аз ҷумла ҷавоҳирот, ороишоти хона ва ашёи рӯзгор истеҳсол мекунанд.

Дар коргоҳи нуқра имкон аст, дар як сол то 30 тонна маҳсулоти хом коркард шавад.

Аз 23 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағи бунёди корхона 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои сохтмони коргоҳҳо ва беш аз 8 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизоту дигар ашёи зарурӣ сарф шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои амалисозии чунин тадбири муҳим баҳои баланд доданд.

Тавре таъкид гардид, бунёду ба истифода додани чунин корхонаи заргарӣ дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини шаҳрвандон бо кори доимӣ иқдоми шоиста мебошад. Пас аз ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди  ду корхонаи нави заргарӣ — корхонаи заргарии ширкати ҶДММ Твеа Душанбе саноати кӯҳӣ ва корхонаи заргарии ширкати ҶДММ Пакрут санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳарду корхона дар шаҳри Душанбе бо арзиши лоиҳавии 45 миллион сомонӣ дар муддати 1 сол сохта шуда, дар онҳо зиёда аз 100 сокини шаҳри Душанбе, асосан духтарону бонувон, бо кор таъмин мегарданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.