БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ ШЎРО

Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯро баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои раёсат, кормандони масъули дастгоҳи Шӯро ва дигар шахсони масъули ба масъалаҳои баррасигардида вобаста иштирок намуданд. 

Дар Раёсат масъалаҳои зерин, аз ҷумла дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025, вазъи бартараф намудани қарздорӣ оид ба музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои вилоят, ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025, сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, оид ба қарорҳои Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи дохилиидоравии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо раиси Шӯро аз масъулин пурсишҳо ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва вусъат бахшидани фаъолият дастуру супоришҳо дод. Аз рўи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.