ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОБИСТОН- 2025”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОБИСТОН- 2025”

25.04.2025. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии “Тобистон-2025” бо роҳбарон ва сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони масъули вазорату идора ва ниҳодҳои дахлдор ширкат намуданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Ситоди ҷумҳуриявии “Тобистон-2025” Қарахон Чиллазода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки айни ҳол иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.

Имсол чун солҳои қаблӣ омодагӣ ба маъракаи бағоят муҳим – сафарбарнамоии кўдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ дар мавсими тобистони соли 2025 беш аз пеш вусъат меёбад.

Ташкилоти иттифоқҳои касаба вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 97  “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025” ҷиҳати истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон корҳои муайянро  амалӣ намуда истодааст. 

    Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо кадрҳои педагогӣ аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои омўзгорӣ, мураббиҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъмин намудани истироҳатгоҳҳоро ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ анқариб 5 ҳазор ҳама намуди истироҳатгоҳҳо (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ. меҳнатӣ) омода гашта, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон бофароғат истироҳат мекунанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.