25.04.2025. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсия баргузор гардиданд.
Дар кори ҷаласаҳо аъзои Кумитаи иҷроия ва Шўрои генералии Федератсия, ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1.Дар бораи даъвати Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;
2.Дар бораи Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳоикасабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба муносибати 28 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат;
3. Дар бораи Низомномаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
4. Дар бораи Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба роҳбарони ташкилотҳои иттифоқи касабаи Тоҷикистон, ташкилоту корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон -1 Май.
Дар ҷаласаи Шўрои генералии Федератсия асосан масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 97 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025” мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаҳои номбурда Раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар назди ҳозирин баромад кард. Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.