Иди Ваҳдати миллӣ МУБОРАК!

Иди Ваҳдати миллӣ МУБОРАК!

Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба, ҳамдиёрони азиз, Шуморо

бо фарорасии ҷашни муқаддаси мардуми тамаддунсози тоҷик,  Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд.

         Ҳар сол мардуми тоҷик 27 июн- Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буда, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

         Дар зарфи пойдории давлати Тоҷикистон мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бори дигар, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро сидқан таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки ғояи волои ваҳдат ва ҳадафҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан мароми ҳамешагии мо хоҳад буд.

Бо эҳтиром,

Раиси Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон

Қарахон Чиллазода

Leave a Comment

Your email address will not be published.