Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамасола 24 октябр таҷлил карда мешавад.
Ин сана расман тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 29 декабри соли 2021 муқаррар шуда, бори аввал дар кишвар 24 октябри соли 2022 ҷашн гирифта шуд.
Санаи 24 октябр ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор шуда буд, алоқаманд аст.
Ин иди касбӣ ба хотири эътирофи нақши муҳими иттифоқҳои касаба дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва беҳтар кардани шароити меҳнати шаҳрвандон таъсис ёфтааст.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ тибқи Оиннома ва Ёддошти тафоҳум шуруъ аз соли 2015 бо якчанд иттифоқи касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон соли 2021 Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии ин ниҳод дар соли 2024 ба уҳдаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гузошта шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки имрӯзҳо Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Иттифоқҳои касаба рисолати таърихии хешро иҷро намуда, ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ӯ тавҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон нақши Иттифоқҳои касаба хеле назаррас мебошад. Вобаста ба фаъолияти ҳамарӯзаи Иттифоқҳои касаба ва дар амал пурра татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.
Имрӯз иттифоқҳои касаба дар асоси имконияти нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Иттифоқҳои касаба- ин амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мебошад.
Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои мамлакат дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешавад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.
Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд. Барои ба амал баровардани вазифа ва салоҳияти қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.
Ҳамчунин Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён мавриди амал қарор дорад. Ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, мусоидат намудан дар афзоиши даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии мамлакат, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ ва таъмин намудани меъёрҳои ҳадди ақалли иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Созишнома ба ҳисоб мераванд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти ҳамузви он бо истифода аз сарчашмаҳои дигар барои ташкили истироҳат дар давраи таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар давраи истироҳати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохӯрию суҳбатҳо ташкил гардид.
Дар даврони истиқлолият Иттифоқҳои касаба тавонист, ки самти дигари фаъолияташро бо Ташкилоти байналмилалӣ давом диҳад. Аз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад.
Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.
Имрӯз мақом ва манзалати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар байни ташкилоти байналмилалӣ баланд буда, чандин ташкилоти соҳавии мо дар ҳамкорӣ бо шарикон дар сатҳи байналмилалӣ мушкилоти баҳсноки меҳнатиро баррасӣ менамоянд. Иштироки намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар машваратҳои байналмилалӣ ва пешниҳоду масъалагузориҳои онҳо пешравии фаъолиятро нишон медиҳад.




