Category Archive for : ‘Ахбор’

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд. Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар — Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз […]

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамоиши идона баргузор гардид. Ҳамоишро Зулҳия Нозакзода раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Абдураҳимзода Дилором Рустам, судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули […]

КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ОЛИИ АРЗИШМАНДИ ДАВЛАТДОРӢ

Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба, ҳамдиёрони азиз! Бо арзи эҳтиром  ва  самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям. Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда мешаванд. Он соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим намуда, барои рушди устувор ва босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе»

Муҳтарам Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ, Валиаҳди Давлати Кувайт, Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз мехостам ба Давлати Кувайт ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар шарикони байналмилалӣ барои баргузории ин Конфронси муҳимми байналмилалӣ миннатдории худро изҳор намоям. Аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро хайрамақдам мегӯям. Мо ба […]

Иштирок ва суханронии Маликшо Неъматзода дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия-шоҳсутуни низоми давлатдорӣ» бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия-шоҳсутуни низоми давлатдорӣ» баргузор намуд. Дар кори конференсия Ашурзода Гулбаҳор-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ба саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд дода […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ […]

МУЛОҚОТ БО АНДРЕЙ ВЕТЛУЖСКИХ

МУЛОҚОТ БО АНДРЕЙ ВЕТЛУЖСКИХ

Маликшо Неъматзода – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Свердловск бо Андрей Ветлужских – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск мулоқот доир намуд. Ҳангоми мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳо бо минтақаҳои Федератсияи Россия, ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар […]