МУЛОҚОТ БО АНДРЕЙ ВЕТЛУЖСКИХ

МУЛОҚОТ БО АНДРЕЙ ВЕТЛУЖСКИХ

Маликшо Неъматзода – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Свердловск бо Андрей Ветлужских – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск мулоқот доир намуд.

Ҳангоми мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳо бо минтақаҳои Федератсияи Россия, ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва солимгардонӣ ба мувофиқа расиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.