ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА – НЕРЎИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАР

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА – НЕРЎИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАР

Дар толори КВД “Осоишгоҳи Шифо”-и шаҳри Гулистон семинари омўзишӣ дар мавзуи “Иттифоқҳои касаба-нерўи созанда ва пешбар” бо иштироки раисони Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ва Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Кори семинарро раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода оғоз намуда, дар мавзўи “Иттифоқҳои касаба – нерўи созанда ва пешбар” сухан кард. Инчунин вобаста ба вусъат бахшидани фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки фаъолияти онҳо бояд тибқи Низомномаи Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки бо қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 02.11.2016, №ШГ17/4 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шавад.

Сипас, Аббосова М.Ҳ.-роҳбари дастгоҳи раиси Шўро оид ба масъалаҳои Дастурамали коргузорӣ, Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию бехатарӣ маърӯза намуд.

 Инчунин, М.Яъқубӣ – мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Шўро баромад намуда, оиди риояи ҳатмии талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои вилоят, риояи ҳатмии талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат суханронӣ намуд.

Ҳамчунин Саидов Саидумрон бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Нақши муҳими сайтҳои интернетӣ ва технологияҳои рақамӣ дар рушди фаъолияти иттифоқҳои касаба” андешаронӣ намуда ба иштирокчиён воситаҳои муосири тақвияти корро муаррифӣ намуд.

Дар рафти семинар байни иштирокчиён муҳокимарониҳо доир гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои меҳнат, суғуртаи давлатии иҷтимоию нафақа, оиди пешгириҳои бемориҳои касбӣ ва дигарҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва аз баргузории семинар изҳори қаноатмандии худро баён намуданд. Ба ҳамаи иштирокдорон санадҳои меъёрию ҳуқуқии муҳим, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнатро танзим мекунанд, дастрас карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.