ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТКАШОН

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТКАШОН

Дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ва дар доираи тадбиқи “Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони масъул ва фаолони иттифоқҳои касаба чорабонии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок намуданд. Сараввал Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Рўзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон муборакбод намуда, аз таърихи ин ид, ҷашнгирии он дар кишвари азизамон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид”, зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани масъалаи меҳнат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва расидан ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ибрози ақида намуд.

Мудири Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос – Маҷидзода Муҳаббат Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон – 1 Майро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, дар доираи амали намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба “Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ” ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами мллат, ки дар вохўри дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён намуда буданд сиёсатмадори варзида Абдуллоҳи Раҳнамо баромад намуд. Мавсуф вобаста ба масъалаҳои “Хатари ҷаҳлу хурофот ба амният ва арзишҳои миллӣ, бақои миллат ва ояндаи давлатдории миллӣ” андешаронӣ намуда қайд кард, ки ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопок ва таассубарангезу ифротгароён нашуда, барои ҳимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд. Дар фарҷом ба муовини аввали раиси Шӯрои итифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Обидзода Нумон Юлдошӣ, ки аз ҷониби Федерасияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо “Нишони фаъоли иттифоқҳои касаба” сарфарозонида шудаст, тақдим карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.