DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май, дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Тоҷикистонро дар ин рӯз 14 ҷудочӣ муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.